ТАЪСИРИ МАНФИИ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ БА ҶОМЕА
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии донишҷӯён ва устодон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ пиромуни зарару таъсири манфии амалҳои коррупсионӣ дар ҷомеа ва оқибатҳои нохуши он сухан гуфтанд. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ барномаи зиддикоррупсионӣ таҳия гардид. Дар коллеҷи мазкур имтиҳонҳо тариқи тестӣ гузаронида шуда, рафти имтиҳонҳо ба таври ҷиддӣ назорат мешаванд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






