Идомаи сафари кории Сарвари Давлат дар шаҳри Турсунзода

Июль 22, 2011 12:02

Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Тавре иттилоъ додем, айни ҳол Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода қарор дорад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи сехҳои истеҳсоли орд, макарон, маҳсулоти қаннодӣ ва қуттиҳои коғазии корхонаи ҶДММ «Сомон-Тӯрон-инвест»-и шаҳри Турсунзода иштирок намуд. Бояд гуфт, ки фармоишгари корхонаи мазкур соҳибкори маҳаллӣ Парвиз Рӯзиев буда, аз ҳисоби худи ӯ бо ҷалби сармоягузорон корхона ба истифода дода шуд.Сехи ордбарорӣ бо таҷзиҳоти технологии сохти Туркия муҷаҳҳаз шуда, дар як шабонарўз метавонад 100 тонна гандумро коркард карда, 37 нафар шаҳрвандро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намояд.Орди ин сех ҳам дар истеҳсоли 12 намуд макарон ва ширинию қаннодии ҳамин корхона истифода мешавад ва ҳам ба бозор бароварда мешавад.Роҳбарияти корхона бо ҳидояти Сарвари Давлат ўҳдадор шуданд, ки нархи халтаи 50 килограммаи ордро аз 125 то 110 сомонӣ арзон намоянд.Таҷҳизоти сехи макаронбарорӣ аз Ҷумҳурии Украина оварда шудааст. Иқтидори сехи макаронбарорӣ дар як моҳ 12-13 тоннаро ташкил дода, зиёда аз 45 нафар шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Дар ин корхона бо таҷҳизоти муосир ҳамчунин қуттиҳои картонӣ барои бастабандии маҳсулоти худи корхона ва ҳам меваю сабзавот истеҳсол мешавад.

Июль 22, 2011 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид