Тахмина Ниёзова «Витебск-2011»-ро тасхир мекунад
Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – 8 июли соли 2011 дар Ҷумҳурии Беларус ХХ-умин ҷашнвораи байналхалқии санъат таҳти унвони «Бозори славянӣ дар Витебск» оғоз гардид. Тавре ба хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» аз сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд, дар ҷашнвораи мазкур миёни 20 нафар сарояндагони ҷавони сурудҳои эстрадӣ аз 20 давлати ҷаҳон бори аввал намояндаи ҶТ- ҳунарманди тоҷик Таҳмина Ниёзова ширкат менамояд.Ёдовар мешавем, ки Таҳмина Ниёзова-овозхони ҷавони сурудҳои эстрадӣ набераи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, сарояндаи сурудҳои классикии «Шашмақом» Боймуҳаммад Ниёзов буда, соли 2008 соҳиби «Шоҳҷоиза»-и озмуни байналхалқии мусиқӣ дар кишварҳои ИДМ ва Балтия-«Панҷ ситора-Интервидение» дар шаҳри Сочии Русия ва дорандаи ҷоиза дар номгӯи «Иштирокчии ҷавон» гардидааст. Тибқи иттилои Агентии давлатии иттилоотии Беларус «Белта» дар доираи ҷашнвора зиёда аз 70 чорабинӣ, аз ҷумла расми ифтитоҳ ва хатми барномаҳои консертӣ, устодони санъати Беларус, Русия, Украина ва дигар давлатҳои ИДМ, озмуни байналхалқии ҳунармандони сурудҳои эстрадии «Витебск-2011», озмуни байналхалқии истеъдодҳои наврас ва яккахонии ситораҳои эстрада доир мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






