Варзишгари тоҷик медали тилло гирифт
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров ). – Кори дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи бокс дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти «Ҷоми губернатори шаҳри Санкт – Петербург» барор накард.Варзишгарони тоҷик Давронҷон Шокиров (вазни 52 кг), Анвар Юнусов (вазни 56 кг), Эраҷ Мавлонов (вазни 56 кг), Одилхон Фурқатҷонӣ (вазни 60 кг) ва Назири Пиракӣ (вазни 64 кг) дар даври якуми мусобиқа аз ҳуқуқи давом додани қувваозмоӣ маҳрум шуданд.Дар ин мусобиқа беш аз 100 нафар боксчиёни дастаҳои мунтахаби Озарбойҷон, Исроил, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва, Русия, Санкт – Петербург, Тоҷикистон, Шветсия, Украина ва Ӯзбекистон ширкат доштанд. Бояд зикр намуд, ки дар ин мусобиқа Мададӣ Нағзибекови тоҷик, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби шаҳри Санкт – Петербург қувваозмоӣ менамуд, дар вазни то 60 кг ғолиб омада, медали тилло гирифт.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






