Бунёди нахустин Осорхонаи табиӣ-таърихӣ дар Душанбе
Душанбе, 16 август. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик хишти аввали Осорхонаи табиӣ-таърихӣ гузошта шавад. Масъалаи мазкур зимни мулоқоти сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст бо Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Талбак Салимов дар Душанбе баррасӣ гардид.Аз равобити умумии сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мусоҳибон дар доираи мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Эрон дар бахши ҳифзи муҳити зистро баррасӣ намуданд. Дипломати эронӣ афзуд, ки кишвараш аз лиҳози мавқеияти ҷуғрофияш дорои иқлими хубу мусоид буда, имкон дорад дар бахши ҳифзи муҳити зист ва масъалаҳои марбут ба ин соҳа бо Тоҷикистон ҳамкории густурда дошта бошад. Шеърдӯст гуфт, ки бо бунёди осорхонаи табиӣ- таърихӣ дар Душанбе, ки Эрон ба он саҳмгузорӣ менамояд иқтидори туристии Тоҷикистон афзоиш меёбад. Сохтмони Осорхонаи табиӣ-таърихӣ дар Душанбе яке аз дастовардҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон хоҳад буд.Бояд тазаккур дод, ки чанде пеш дар Теҳрон байни роҳбарони идораҳои ҳифзи муҳити зисти ҳар ду кишвар Ёддошти тафоҳум дар хусуси ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар бахши муҳити зист ба имзо расида буд, ки тибқи он мутахассисони бахши муҳити зисти Тоҷикистон дар Эрон курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисосро мегузаранд. Ин санад ҳамчунин, ба таҳкими ҳар чӣ бештари ҳамкориҳои судманди ҳар ду кишвар дар бахши ҳифзи муҳити зист дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






