Эмомалӣ Раҳмон ба Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд
Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар»,).- 14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:Ҷаноби Олӣ,Сарфарозам, ки Шумо ва мардуми шарифи Покистонро ба муносибати ҷашни солгарди истиқлоли кишвари дўст табрику таҳният гўям.Пойдевори боэътимоди ҳуқуқии муносибатҳои неки Тоҷикистону Покистон ҳанўз дар оғози истиқлоли мо гузошта шуда, то имрўз рушду тавсеаи ҳамкориҳои гуногунсоҳаи мутақобилан судманди ду кишвари ҳамсоя натиҷаҳои хубу назаррас ба бор овардаанд.Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, умедворам, ки иҷрои аҳду паймонҳои ду ҷониб дар чаҳорчўбаи сафари имсолаи расмии ман ба Покистон муносибатҳои дўстӣ ва ҳамкории муфиди моро ба сатҳи сифатан нав боло хоҳад бардошт. Ҷониби Тоҷикистон, ба хотири татбиқи манфиатҳои муштараки мо, таҳкими суботу амнияти минтақа ва рушди устувори он саъю кўшиши заруриро дар ин самт дареғ нахоҳад дошт.Бо ибрози беҳтарин орзую таманниёт, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатии комил ва дастовардҳои навин ва ба мардуми дўсти Покистон сулҳу субот, шукуфоӣ ва комёбиҳо хоҳонам.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






