Ганҷинае, ки дар Осиёи Марказӣ беназир аст

Август 3, 2011 10:14

Душанбе, 3 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 308 адад дастхату китобҳои чопи сангӣ аз китобхонаи ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд ба Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ супорида шуд. Дастхату китобҳои мазкур мутаалиқ ба асрҳои 14-19 буда ва бо мақсади мукаммал гардонидани фонди Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ ба ин махзан интиқол дода шудааст.Мавриди зикр аст, ки бунёди бинои нави Китобхонаи миллӣ, ки он дар остонаи ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад, аз лиҳози масоҳат, гунҷоиши фонди китобӣ, фарогирии хадамоти китобдорӣ дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Бинои нави Китобхонаи миллӣ бо масоҳати умумии беш аз 44 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, қисми «А»-и бино аз 9 ошёна, қисми «Б» ва «В» 6 ошёна ва қисмати «Г»-аш аз 4 ошёна иборат мебошад. Алҳол корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузурги ҷашнӣ босуръат идома дорад. Бояд тазаккур дод, ки хишти нахустини бинои Китобхонаи миллӣ чор сол муқаддам – 4 сентябри соли 2007 аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд..

Август 3, 2011 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд