Ифтитоҳи бинои нави Раёсати андози Душанбе

Август 17, 2011 15:53

Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз, 17 август дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ бинои нави маъмурии Раёсати андози шаҳри Душанбе ва нозироти андоз дар ноҳияи Фирдавсӣ чун армуғони ҷашнӣ мавриди баҳрабардории кормандони соҳа қарор дода шуд.  Дар маросими ифтитоҳи бино роҳбарияти Кумитаи андоз, намояндагони ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ ва кормандони мақомоти андоз ширкат варзида, ба истифода додани чунин як бинои маъмурии хуштарҳу замонавиро аз шарофати соҳибистиқлолии кишвар арзёбӣ намуданд. Бинои нави Раёсати андози шаҳри Душанбе ва нозироти андоз дар ноҳияи Фирдавсӣ аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шудааст. Ёдовар мешавем, ки сохтмони иншоооти мазкур соли 2010 аз тарафи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Ориёно-Сорво” оғоз гардида буд.

Август 17, 2011 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд