Парлумон санадҳои муҳимро баррасӣ кард
Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Аъзои Шӯрои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҷаласае, ки 18 август баргузор гардид, як қатор санадҳои муҳими байнидавлатиро, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соири кишварҳои хориҷии ҷаҳон ба имзо расидаанд, баррасӣ намуданд. Инҳо Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба расонидани кӯмаки ҳарбии ройгон, Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федералии Швейтсария оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, Созишнома миёни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи гузаронидани машқҳои муштараки ҳарбӣ, Созишномаи қарзи имтиёзнок тибқи лоиҳаи Ташкили шабакаи ягонаи барқии шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки воридоту содироти Чин, Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти «Кӯмаки мардуми Норвегия» доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи безарарсозии башардӯстонаи минаҳо, Созишномаҳои қарзӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд, Фонди Қувайтии Рушди Иқтисодии Араб, Фонди ОПЕК оид ба Рушди Байналмилалӣ, Фонди Саудии Рушд ва Фонди Абузабии Рушд оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб» мебошанд. Санадҳои мазкур ба рушди ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва низомию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои зикргардида ва созмонҳои байналмилалӣ мусоидат менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






