Рӯйдоди муҳиму таърихӣ
Душанбе, 26 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ — 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварамон боз як рӯйдоди муҳими таърихӣ ба вуқӯъ пайваст. Шоми 25 август дар маросими ботантана муҷассамаи Нишони давлатӣ ифтитоҳ гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш бунёди муҷассамаи Нишони давлатиро ба мардуми тоҷик самимона табрик намуда, онро рамзи озодиву истиқлол ва давлату давлатдории мустақилу навин, пойдориву ҷовидонии муқаддасоти миллати тоҷик арзёбӣ кард.Сардори давлати Тоҷикистон бунёди муҷасссамаи Нишони давлатиро рамзи ифтихору эҳтироми халқи тоҷик ба муқаддасоти миллӣ ва нишонаи сарбаландиву сарфарозии тоҷикон маънидод карда, онро рӯйдоди муҳиму хотирмон номид. Сардори давлати Тоҷикистон ба тамоми мутахассисону сохтмончиёне, ки дар эъмори муҷассамаи Нишони давлатӣ саҳм гузоштаанд, арзи сипос баён намуд. Аз ҷумла, Президенти мамлакат зикр кард, ки «дар ҷаҳони муосир ҳар як халқу давлатро бо рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ -Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва пули миллӣ мешиносанд ва эътироф мекунанд». Бояд тазаккур дод, ки муҷассамаи Нишони давлатӣ дар яке аз мавзеъҳои баланду зебои пойтахт бо усули хоси меъморӣ ва шукӯҳу азамат бунёд гардида, баландиаш 45 метр ва паҳнояш 5 метр буда, дар канори чапи Қасри Миллат ҷойгир мебошад.Дар маросими ботантанаи ифтитоҳи муҷассамаи Нишони давлатӣ аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони парлумон, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат, кормандони масъули вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, намояндагони аҳли илму зиё ва меҳмонон ширкат намуданд.Дар фарҷом ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ бо суруду мусиқӣ, ки тараннумгари дӯстиву ваҳдат, озодиву истиқлол, ҳамдилию ҳамраъйӣ ва ифтихор аз ватану ватандорӣ буданд, ба маросими ботантана шукӯҳи хосса зам намуданд.Бояд тазаккур дод, ки муҷассамаи Нишони давлатӣ дар рӯзе ифтитоҳ гардид, ки 25 августи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Шӯрои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ дар маросими ботантана бо унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо — «Пешвои асри 21» сарфароз гардид. Ин унвони олиро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Антон Караҷа, Президенти Шӯрои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ дар маросими ботантана супорид.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






