Тақсими замини лалмӣ идома дорад

Август 1, 2011 16:15

Кӯлоб, 1 август (АМИТ «Ховар», С. Холов). – Бахши сохтмону меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Мӯъминобод дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва сохтмони биноҳои хусусӣ ба маблағи 21 ҳазору 420 сомонӣ корҳоро ба анҷом расонид. Маҳмадраҷаб Хоҷаев, сармеъмори ноҳия, дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, ки мувофиқи қарори Ҳукумати ҶТ дар ноҳия бояд 152 гектар замин ҳамчун қитъаи наздиҳавлигӣ барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ҷудо карда шавад, ки аз ин ҳисоб то имрӯз 10,28 га замин ҷудо гардидааст. Мавриди зикр аст, ки айни ҳол 35 гектар замини манзилӣ ба 252 оилаи ҷамоатҳои деҳоти Балхобӣ, Кулчашма, Туту, шаҳраки Ленинград, Боғитай ва Деҳибаланд тақсим карда шуда, мувофиқи нақша то охири моҳи августи соли ҷорӣ 1091 оила соҳиби қитъаи манзил мешаванд.

Август 1, 2011 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид