Тасмими ширкати «AFС Сonsaltants international»
Душанбе, 16 август (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 14 август дар шаҳри Душанбе вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев бо директори Ширкати консалтингии байналмилалии «AFС Сonsaltants international» Йоханнес Бушмаер мулоқот анҷом дод.Тавре дар маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот ҳамкории иқтисодии миёни корхонаҳои кишвар ва ширкати байналмилалии «AFС Сonsaltants international», аз ҷумла дар бахши энергетика ва кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Мувофиқи суханони манбаъ, ширкати номбурда омода аст, ки бо корхонаю ширкатҳои кишвар ҷиҳати вуруди таҷҳизоти сарфакунандаи энергия, ҳамчунин таҷҳизот барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ҳамкорӣ намояд.Йоханнес Бушмаер зимни мулоқот иброз дошт, ки ширкати ӯ тайёр аст, дар амри тарбияи мутахассисони варзидаи ин соҳа кӯмак намояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






