Турсунзода соҳиби китобхонаи нав шуд
Турсунзода, 17 август. (АМИТ «Хоавр», Ҳотам Рабиев ). – Дар арафаи ҷашни 20 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода соҳиби бинои наву замонавӣ гардид. Бинои нав дорои таҷҳизоти зарурӣ буда, дар он зиёда аз 40 ҳазор нусха китоб мавҷуд аст. Дар ин китобхона толорҳои хониши калонсолону хурдсолон, шӯъбаи компютерӣ, шӯъбаи китобтаъминкунӣ ва ғайра мавҷуд мебошанд.Директори китобхонаи марказии шаҳр Гавҳар Саидова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки бо чунин бинои боҳашамати фарҳангӣ таъмин шудани махзани китобдӯстон яке аз комёбиҳои бузурги даврони истиқлолият аст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






