Амалӣ шудани корҳои илмию тадқиқотӣ

Сентябрь 6, 2011 10:05

Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои котиби илмии Академияи илмҳои кишоварзӣ Давлатҷон Комилзода, натиҷаи корҳои илмию тадқиқотии Пажӯҳишгоҳи чорводорӣ дар 26 пойгоҳи чорводорӣ амалӣ мегардад.Аз ҷумла дар соҳаи чорвои сергӯшт парваришгоҳи зотпарварии ба номи Сангак Сафарови ноҳияи Балҷувон, дар соҳаи қутоспарварӣ хоҷагии зотпарварии ба номи С.Аслиддинови ноҳияҳои Ҷиргатол, «Россия» -и ноҳияи Айнӣ ва хоҷагиҳои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамчун марказҳои селексионӣ интихоб гардиданд.Доир ба чорвои ширдеҳ тадқиқоти селексионӣ дар хоҷагиҳои зотпарварии А.Ҷумъаев ва Бобокалонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, «Гулистон» — и ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ҷамъияти саҳҳомии «Баракат» ва Латиф Муродови ноҳияи Ҳисор, хоҷагии зотпарварии «Кӯлоб» — и ноҳияи Вахш амалӣ мегардад.Олимони Пажӯҳишгоҳи чорводорӣ корҳои илмию тадқиқотии худро дар соҳаи такмили зоти нави гӯсфанди «ҳисорӣ» дар парваришгоҳи «Ҳисор» — и ноҳияи Фархор, дар хоҷагии «Сағирдашт» — и ноҳияи Дарвоз, хоҷагиҳои зотпарварии «Кангурт» ва «Олучабулоқ» — и ноҳияи Данғара ба роҳ монда, зоти нави гӯсфанди «ҳисорӣ» — ро ба вуҷуд оварданианд.

Сентябрь 6, 2011 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд