Арзонӣ ба Тоҷикистон ҳам мерасад
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо, тайи як моҳи охир (аз 15 – уми август то 15 – уми сентябри соли 2011) нархи баъзе маҳсулоти озуқуворӣ дар бозорҳои шаҳру навоҳии кишвар то 13 фоиз боло рафтааст. Аз ҷумла, нархи серталабтарин намудҳои озуқаворӣ аз қабили орд, шакар ва чой дар ҶТ, ки аз маводи ниёзи аввали мардум ба ҳисоб мераванд, аз 25 то 30 фоиз боло рафтааст. Айни замон нархи як халта орди навъи якуми 50 килограмма аз 125 то 145 ва дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ 165 – 175 сомонӣ ба савдо бароварда мешавад, ки он моҳи сентябри соли 2010 ҳамагӣ 125 сомонӣ қимат дошт.Дар давлатҳои ФР ва Қазоқистон, ки содиркунандаи гандум ба дигар кишварҳо, аз ҷумла ба Тоҷикистон низ дониста мешаванд, ҳосили хуби гандум рӯёнида шудааст. Мутахассисони соҳаи кишоварзии ин давлатҳо ҳосили имсолаи гандумро дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи 20 млн. ва ФР- ро дар ҳудуди 90 млн. тонна пешбинӣ кардаанд. Барои зарурати дохилии ФР дар як сол ҳамагӣ аз 50 то 60 млн. тонна ва дар Ҷумҳурии Қазоқистон 8 млн. тонна гандум истифода мешавад. Дар ду ҳафтаи охир дар Ҷумҳурии Қазоқистон, ки асосан содиркунандаи гандум ба Тоҷикистон маҳсуб меёбад, нарх то 20 фоиз арзон шуд Аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон бофоизи арзоншуда гандум ворид карда мешавад, бо вуҷуди он дар бозорҳои Тоҷикистон бо сабаби набудани рақобати солим ва беназоратии идораҳои марбута нарх ба тарзи пештара нигоҳ дошта мешавад. Албатта арзон шудани нархи гандум дар Ҷумҳурии Қазоқистон барои Тоҷикистон ҳам, ки таъминкунандаи асосии ин навъи зироат маҳсуб меёбад, бетаъсир нахоҳад монд ва ин арзонӣ бояд ба Тоҷикистон ҳам расад. Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ то 20 – уми сентябри соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 292 ҳазору 602 тонна гандум, дар вилояти Суғд – 63 ҳазору 969, дар ВМКБ 3 ҳазору 273 ва дар Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) 83 ҳазору 11 тонна гандум ҷамъоварӣ шудааст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






