Дар 8 моҳ 12 ҳазору 119 ҷиноят

Сентябрь 29, 2011 10:29

Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Тибқи маълумоти оид ба ҷинояткорӣ таи 8 моҳи соли ҷорӣ, ки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Прокуратураи ҳарбӣ, Хадамоти гумрук, Кумитаи назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба Агентии омори назди Президенти ҶТ пешниҳод кардаанд, 12 ҳазору 119 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.Дар моҳҳои январ – августи соли 2011 шумораи ҷиноят 26,5 фоиз зиёд шудааст. Аз ҷумла дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ шумораи ҷиноят дар вилояти Суғд 45,1 фоиз, шаҳри Душанбе 27,3, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 23, 7, ВМКБ – 16,8 ва дар вилояти Хатлон 8,1 фоиз зиёд шудааст. Танҳо дар моҳҳои январ – августи соли 2011 2422 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 49, 3 фоиз зиёд мебошад.

Сентябрь 29, 2011 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд