Иштирокчиёни ҷаласа бо шароити зиндагии марзбонон шинос мешаванд
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дирӯз, 21 снтябри соли 2011 дар меҳмонхонаи «Истиқлол» -и пойтахт ҷаласаи навбатии Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои наздисарҳадии кишварҳои узви ИДМ ба кори худ шурӯъ намуд.Дар ҷаласа намояндагони мақомоти наздисарҳадии кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок доранд. Дар кори ҷаласа аз ҷониби Тоҷикистон муовини фармондеҳи қӯшунҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ Шараф Файзуллоев иштирок дорад. Дар рӯзномаи ҷаласа баррасии масоили ҳамкории ҷонибҳо баҳри ташкили назорати наздисарҳадӣ, ҳамкорӣ дар бахши пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, беҳ намудани кори нуқтаҳои назоратӣ-иҷозатӣ ва таҳияи роҳҳои нави ҳалли он ҷой дода шудаанд.Имрӯз ҷаласа ба кори худ анҷом мебахшад. Аз рӯи машғулияти амалӣ тибқи нақша иштирокчиёни ҷаласа ният доранд ба марзи Тоҷикистону Афғонистон ба нуқтаи назоратӣ-иҷозатии «Панҷи Поён» сафар намуда, бо шароити адои хизмат, истироҳат ва зиндагии марзбонон шинос шаванд.








БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд






