Мушкилот бартараф нашудааст

Сентябрь 26, 2011 10:48

Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли таҳсили 2011 дар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо нарасидани мутахассисони соҳаи педагогӣ оғоз ёфт, ки асосаш ба ҷои корӣ барнагаштани хатмкунандагони соҳаи буҷавӣ мебошад,- гуфт сармутахассиси раёсати кадр ва корҳои махсуси Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Зиёратшо Назруллоев. Айни замон дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ беш аз 1 ҳазору 100 нафар муаллимони фанҳои гуногун намерасад.Бо вуҷуди он ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ мутахассисони ҷавони даъди таҳсил ба деҳот баргашта бо замини барои сохтмон, наздиҳавлигӣ, қарзҳои имтиёзнок ва замини боғдорию полезӣ таъмин карда мешаванд, қисме аз онҳо бо баҳонаи камии маош дар соҳаи худ ба кор барнамегарданд.Ба иттилои манбаъ, ба кор баргаштани мутахассисони ҷавони соҳаи педагогӣ дар вилояти Суғд 70 фоиз, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ -65 -70, ВМКБ 100 фоизро ташкил медиҳад. Аз мутахассисони ҷавони ба кор баргашта 500 нафар бо замини наздиҳавлигӣ, 100 нафар бо қарзҳои имтиёзнок ва 90 нафар бо замини боғдорӣ ва полезӣ таъмин карда шуданд. Мушкилоти нарасидани омӯзгорон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ҳанӯз бартараф нашудааст. Дар сурати ба кор барнагаштани хатмкунандпагони соҳаи буҷавӣ маблағи дар давоми 4 – 5 сол сарфшудаи буҷа аз ҳисоби онҳо рӯёнида хоҳад мешавад, Вазорати маориф мактабҳоро аз ҳисоби донишҷӯёни курсҳои 4 – 5, ки ба таҷрибаомӯзии дарозмуддат фиристонида мешаванд, таъмин хоҳад кард.

Сентябрь 26, 2011 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд