Назорати вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ дар вилояти Самара

Сентябрь 15, 2011 10:56

Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Бо супориши роҳбари Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиало Девонаев нозир – мутахассиси калони Намояндагии Хадамот дар Русия Далер Сангинов дар аввали моҳи сентябр ба вилояти Самараи Федератсияи Русия сафари хидматӣ намуд. Ин сафар ба манзури иҷрои Созишномаи байниҳукуматӣ «Дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва шаҳрвандони Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 16 октябри соли 2004 сурат гирифт. Мутобиқи он Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Русия проблемаҳои марбут ба муҳоҷирати хориҷии меҳнат дар минтақаҳои Русияро таҳлил менамояд.Дар ин бора дар дафтари матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Далер Сангинов дар ҷараёни сафари хидматиаш бо ҳамкоронаш аз Раёсати Хадамоти Федералии муҳоҷират дар вилояти Самара, роҳбарияти кумитаи вилоятии иттифоқҳои касаба, роҳбарони як қатор корхонаю ташкилотҳои шаҳрҳои Самараю Толятти ва ҷамъияти тоҷикони вилояти Самара мулоқоту гуфтушунид кард.

Сентябрь 15, 2011 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад