Соҳибкорони тоҷик дар «Экспо-2011-Покистон» иштирок мекунанд
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназар Абӯбакр).-Чанде пеш раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар ҶТ Амҷад Ҳусайн мулоқот намуд.Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ иттилоъ доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили фаъолгардонии ҳамкориҳои босамарро дар рӯҳияи созанда муҳокима намуданд. «Мо омодаи ҳамкории созанда бо соҳибкорони покистонӣ мебошем, мехоҳем, ки муносибатҳои дарозмӯҳлати муштаракро дар ин самтҳо беҳтар ба роҳ монем», изҳор намуд роҳбари Палатаи савдо ва саноати ҶТ дар ҷараёни сӯҳбат.Сафири Покистон роҳбари Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва ҷамъияти соҳибкорони кишварро ба намоишгоҳи байналхалқии «ЭКСПО-2011-Покистон», ки 22-23 октябри соли 2011 дар шаҳри Қарочӣ доир мешавад, даъват кард ва таъкид намуд, ки маҳз ин намоишгоҳ барои дарёфти шарикони тиҷоратӣ ҷиҳати барқарорсозии ҳамкориҳои расмӣ дар сатҳи байналхалқӣ ба тоҷирони тоҷик имконият хоҳад дод.








БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд






