Ҳаҷми боркашонӣ афзуд
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Тайи 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон тавассути ҳамаи намуди нақлиёт 46,5 миллион тонна бор кашонида шуд, ки назар ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта 4,2 фоиз зиёд аст. Мувофиқи маълумоти агентии омори назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи ҳисобот тавассути нақлиёти роҳи оҳан беш аз 6,9 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки ин 90,9 фоизи сатҳи давраи дахлдори соли гузаштаро ташкил медиҳад. Тавассути нақлиёти автомобилӣ зиёда аз 39,6 миллион тонна бор кашонида шудааст. Афзоиши ҳаҷми боркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 6,9 фоиз буд. Моҳҳои январ — сентябри соли ҷорӣ тавассути ҳамаи намуди нақлиёти мусофирбар 385,3 ҳазор мусофир кашонида шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2010 баробари 4,7 фоиз зиёд аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






