Ҳаҷми маҳсулоти соҳаи моҳипарварӣ зиёд шуд

Октябрь 10, 2011 17:05

Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар Тоҷикистон ҳаҷми маҳсулоти соҳаи моҳипарварӣ аз моҳи январ то августи соли ҷорӣ 3,1 млн. сомонӣ ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 63,5% зиёд шуд.Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти ҶТ дар давраи ҳисоботӣ миқдори умумии сайди моҳӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 217,9 тонна, аз ҷумла дар хоҷагиҳои вилояти Хатлон аз ҳама бештар- 127,3 тонна, вилояти Суғд – 59,5 тонна ва дар ВМКБ  – 25,9 тоннаро ташкил дод. Дар давраи ҳисоботӣ дар масоҳати 44 гектар барои парвариши моҳӣ ҳавзҳо бунёд гардид. То имрӯз ба ҷумҳурӣ 190,7 тонна хӯроки моҳӣ дохил шудааст, ки аз он ба хоҷагиҳои вилояти Хатлон — 55,3 тонна, вилояти Суғд – 2 тонна ва Ваҳдат – 6,5 тонна ворид гардид. Дар ин давра хароҷоти сарфшуда барои парвариши моҳӣ ва гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ зиёда аз 1 млн. сомониро ташкил дод.

Октябрь 10, 2011 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд