Ҳоҷиёни тоҷик дар Макка қарор доранд
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз охирин гурӯҳи зойирини тоҷик ба хоки муқаддаси Арабистони Саудӣ ворид гардид. Тавассути ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр сокинони шаҳри Норак, ноҳияҳои Темурмалик ва Колхозобод ба шаҳри Ҷидда ва аз он ҷо тавассути автобусҳо ба шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ расиданд. Ҳамин тавр, аз шумораи умумии 5500 нафар аксарият барои адои ҳаҷ дар шаҳри Макка қарор доранд. Охирин ҳоҷиёни тоҷик, ки то имрӯз дар шаҳри Мадинаи мунаввара қарор доштанд, шоми 29 октябр ба шаҳри Макка омаданд. То оғози ҳаҷи фарзӣ ва иди Қурбон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамарӯза ба зиёрати хонаи Каъба рафта, панҷ вақт намоз ва намози ҷумъаро бо ҷамоат мехонанд. Инчунин аксари ҳоҷиён бо роҳбаладон ҷойҳои муқаддас ва таърихии дини исломро тамошо менамоянд. 4 — уми ноябр ҳамаи ҳоҷиён барои идомаи ҳаҷ ва адои фарзҳои асосии он ба минтақаҳои Мино, Арафот ва Муздалифа мераванд. Аз ҷониби кормандони Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи махсус аз ҳисоби роҳбаладон барои тақсимоти хаймаҳо дар минтақаи Мино, ки ҷои зисти муваққатии ҳоҷиён хоҳад буд, сафарбар гардидааст. Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Ҳукумати ҶТ барои ҳоҷиён тамоми шароит муҳайё карда шудааст ва барои боз ҳам аз наздик шинос шудан бо корҳои ташкилӣ дар мавсими ҳаҷ ва ҷараёни зиёрати шаҳрвандони Тоҷикистон раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ Абдураҳим Холиқов зимни сафари корӣ дар шаҳрҳои Макка ва Мадина бо онҳо сӯҳбату мулоқот анҷом дод. Бо шарофати истиқлолият, ваҳдати комил ва сиёсати неку ояндасози роҳбарияти давлату Ҳукумати ҶТ шаҳрвандони тоҷик яке аз рукнҳои асосии дини мубини исломро бо истифода аз тамоми шароитҳои мусоид бо сари баланд адо менамоянд ва ҳамаи онҳо дуои шукуфоии ватан ва бақои давлати хешро менамоянд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Самариддини Айниддин аз шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ иттилоъ дод.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






