Ҳуқуқи муаллифонро кӣ ҳимоя мекунад ?

Октябрь 28, 2011 08:38

Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи  Хайруллоҳ).- Дирӯз дар  Вазорати фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  мавзӯи  «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид  ба ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои иҷрогарон» семинар  баргузор  гардид.Дар семинар Вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ, намояндаи дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ  ва масъулини соҳа иштирок доштанд.  Семинари  мазкур  бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар  соҳаи  ҳуқуқи муаллиф, ҳамкории мақомоти дахлдор, муассисаву идораҳое, ки  бевосита бо  пешгирии вайрон  кардани ҳуқуқ дар ин соҳа фаъолият мекунанд, беҳтар намудани ҳифзи манфиатҳои муаллифон ҳангоми  истифодаи асарҳои онҳо,  омӯзиши санадҳои  ҳуқуқию  меъёрие,  ки  муносибатҳои  байни  муаллифонро   ба танзим  медарорад,  ҳифзи  моликияти    зеҳнӣ, ҳалли  мушкилоти  соҳа ва  дигар масъалаҳо доир гардидааст.Масъалаи  дигаре, ки дар ин  семинар  мавриди  омӯзиши  ҷиддӣ  қарор  гирифт, мутобиқати муқаррароти қонунгузории  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  бораи  ҳуқуқи  муаллиф  ба  талаботи Конвенсияи   Созмони  умумиҷаҳонии  тиҷорат  оид  ба ҷанбаи  ҳуқуқии моликияти  зеҳнӣ мебошад.  Мутахассисон доир  ба  мутобиқ  намудани  қонунгузории  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо муқаррароти Созишнома  пешниҳодҳои  худро  иброз доштанд.

Октябрь 28, 2011 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд