“Амният ва ҳамкорӣ дар қалби Осиё”

Октябрь 31, 2011 11:47

Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронс оид ба Афғонистон дар мавзӯи “Амният ва ҳамкорӣ дар қалби Осиё”, ки 2 ноябри соли 2011 дар шаҳри Истанбул баргузор мегардад, бо сафари корӣ озими Ҷумҳурии Туркия шуд.Дар конфронс иштироки 14 кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Хитой, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия, Ӯзбекистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ дар назар аст.Дар кори конфронс ҳамчунин вазирони корҳои хориҷии бархе аз кишварҳое, ки раванди мазкурро дастгирӣ менамоянд, аз ҷумла, Австралия, Канада, Олмон, Италия, Япония, Норвегия, Лаҳистон, Испания, Шветсия, Британияи Кабир ширкат меварзанд. Ба конфронс ҳамзамон намояндагони СММ, ЭКО, СҲШ, САҲА, НАТО, СҲИ, ИА, СВМДА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ даъват шудаанд.Тибқи барнома конфронси Истанбулро Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ифтитоҳ мекунанд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳошияи ҳамоиш бо раҳбарони ҳайатҳое, ки дар конфронси мазкур иштирок хоҳанд кард,  мулоқотҳои дуҷониба доир мекунад.Дар ин бора аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Октябрь 31, 2011 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд