Барқарор намудани мактаб дар ноҳияи Тавилдара
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Мактаби таҳсилоти умумии рақами 10-и ноҳияи Тавилдара баъди тармиму таҷдид мавриди истифода қарор гирифт. Дар маросими ба истифода додани мактаби мазкур кормандони масъули сафорати ИМА ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тавилдара иштирок намуданд. Дар бозсозии мактаби мазкур саҳми Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико назаррас аст. Мактаби таъмиршуда барои зиёда аз 120 талаба имкони таҳсилро фароҳам оварда, шароити донишомӯзии онҳоро беҳтар мегардонад. «Барномаи ироаи ёрии башардӯстона дар холатҳои фавқулодда ба аҳолии шаҳрвандӣ дар хориҷа» дар департаменти мудофиаи ИМА барои барқарорсозии мактаб 48 900 доллар масраф намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






