Беш аз сад ҳазор ҷойи нави кор
Душанбе, 7 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз сад ҳазор ҷойи нави корӣ дар зарфи 9 моҳи соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ дар доираи татбиқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки он 94,7%-и нақшаи пешгӯии барномаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 7712 ҷойи нави кор, Хатлон 40431, Суғд 31812, шаҳри Душанбе 16500 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 18273 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст. Тибқи иттилои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи сохтмон — 20189, саноат — 6930, кишоварзӣ 31179, нақлиёт ва алоқа — 2395, савдо, хӯроки умумӣ, таъминоти моддию техникӣ -32347, соҳаҳо ғайриистеҳсолӣ 5353, ва дигар соҳаҳо 16335 нафарро ташкил медиҳанд. Таҳлили раванди таъсиси ҷойҳои корӣ вобаста ба соҳаҳои иқтисодиёт нишон медиҳад, ки теъдоди аксари ҷойҳои корӣ ба соҳаи кишоварзӣ (27,2%) ва савдо, хӯроки умумию таъминоти техникӣ (28,2%) рост меояд. Беш аз 50 фоизи ҷойҳои кории навтаъсис ба сектори хусусӣ тааллуқ дорад, ки он аз рушди соҳибкории хурду миёна дар кишвар шаҳодат медиҳад. Дар асоси барномаи мазкур бояд то охири сол дар ҷумҳурӣ беш аз 120 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






