Бинокорон дар Душанбе ҷамъ меоянд

Октябрь 20, 2011 12:57

Душанбе, 20 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-29 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми навбатии бинокорони ҷумҳурӣ  баргузор мешавад. Дар Форум дар радифи баррасии вазъи соҳаи сохтмон дар ҷумҳурӣ   масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи сохтмон низ  матраҳ мегардад. Аз Ассотсиатсияи бинокорони ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  ки дар Форум намояндагони  Иттифоқи бинокорони  Русия  ширкат  варзида,  қарордоди ҳамкорӣ  ба имзо мерасонанд. Тибки шартнома дар назар дошта шудааст, ки Ассотсиатсияи бинокорони Тоҷикистон ва Иттифоқи бинокорони Русия як силсила корҳоро  ба иҷро мерасонанд. Хусусан дар самти омӯзиш ва баланд бардоштани донишу тарибаи касбии муҳоҷирони корӣ, таъмини қонунии онҳо  бо ҷои кор   дар иншооти сохтмонии Русия аз мақсадхои аввалиндараҷаи ҳамкориҳо ба шумор мераванд. Дар сурати ба имзо расидани қарордод вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ беҳтар гардида, поймолкунии ҳуқуқи онҳо аз  ҷониби ширкатҳои корфармо ва шахсони инфиродӣ дар Русия коҳиш ёбад. Дар ҳоли зарурат Ассосиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон метавонад дар Русия намояндагии худротаъсис намояд. Ҳамзамон  ҷонибҳо тибқи созишнома бояд оид ба навигариҳо дар бозори меҳнат  табодули ахбор намоянд.

Октябрь 20, 2011 12:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд