Бозиҳои интихобии наврасони Осиё дар Тошканд
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). — Варзишгарони навраси то 16- солаи мамлакат дар сабқати бозиҳои интихобии ҷоми Осиё оид ба футбол дирӯз бо дастаи Қирғизистон вохӯрии худро баргузор намуда, бо ҳисоби 2 бар 0 ғолиб омаданд. Тӯбҳоро Комрон Турсунов дар дақиқаи 17-ум ва Амирбек Ҷӯрабоев дар дақикаи 33-ум ба ҳадаф расониданд. Дар ин гурӯҳ соҳибони майдон- наврасони Ӯзбекистон бо ҳисоби калони 9 бар 0 футболбозони Ҳиндустонро шикаст доданд. Футболбозони тоҷик рӯзи 7 октябр бо наврасони Ҳиндустон ва 9 октябр бо соҳибони майдон рақобат хоҳанд кард. Вобаста ба бозиҳои интихобии наврасони то 16 — сола ёдрас мешавем, ки дар гурӯҳҳои боқимонда аллакай ғолибон муайян шудаанд. Ҳамин тавр, аз гурӯҳи «А» Мунтахаби Ироқ, дар гурӯҳи «Б» Яман, дар гурӯҳи «Е» Куриёи Шимолӣ, дар гурӯҳи «Ф» Ҷопон ва дар гурӯҳи « Ҷ» Таиланд соҳибони ҷойҳои аввал гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






