Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Собиқ раиси шаҳри Маскав Юрий Лужков иддаои ҳукуматдоронро нисбат ба худ ва ҳамсараш Елена Батурина баҳонаи қалбакӣ қаламдод кард. Аз ин пеш Лужков гуфта буд, ки парванда дар бораи талаю тороҷгарии ӯ баҳонаи сиёсӣ аст.хххМаҷаллаи «Фокус» мақоми навбатии хонумҳои бонуфузтарини Украинаро дарҷ намуд. Аз он маълум мешавад, ки собиқ сарвазири Украина Юлия Тимошенко дар ин озмун чун пештара мақоми аввалро касб намудааст. хххНаҷотдиҳандагони Туркия писарбачаи 13 – соларо, ки тӯли 108 соат зери шикастпораҳои бинои бар асари зилзила фурӯрафта қарор дошт, аз зери вайронаҳо берун намуданд. Дар давоми тамоми мӯҳлати иҷрои корҳои наҷотдиҳӣ 185 нафар аз зери вайронаҳо бароварда шудаанд.хххВазорати корҳои дохилии Русия ваъда дод, ки агар ҳамсари собиқ раиси шаҳри Маскав Елена Батурина барои пурсиш аз рӯи парвандаи дуздию ғоратгарӣ дар «Бонки Маскав» ҳозир нашавад, ӯро ба қайди ҷустуҷӯи Интерпол медарорад. Пурсиши собиқ раиси шаҳри Маскав Юрий Лужков ба 28 октябр тайин шуда буд, вале номбурда сафар ба хориҷаро баҳона карда, ба макони муқарраршуда ҳозир нашуд.хххВазири корҳои хориҷии Эрон Алиакбар Солеҳӣ иброз дошт, ки кишвараш аз Интерпол дархостеро барои ҳабси Ғулом Шакурӣ ном шахсе гирифтааст. Ғулом Шакурӣ нафарест, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ӯро ба омодагӣ ба сӯиқасд ба ҷони сафири Арабистони Саудӣ дар Вашингтон гумон мебаранд. Вазир дар баробари ин зикр намуд, ки дар Эрон қариб 150 кас ҳамноми Ғулом Шакурӣ мебошад. хххБа 4 нафар кормандони олимақоми Прокуратураи Генералии Украина, аз ҷумла ба муовини аввали Прокурори Генералӣ иҷозати сафар ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дода нашуд. Мувофиқи маълумоти нашрияи «Фокус», сафорати Амрико ба шахсони номбурда раводид надода, изҳор намуд, ки «сафари шумо ба кишвари мо номатлуб аст».ххх Собиқ раиси шаҳри Маскав Юрий Лужков роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкинро ба суд додааст. Юрий Лужков аз мансабдори номбурда талаб намуд, ки барои расонидани зарари маънавӣ ба вай баробари як миллион рубл ҷубронпулӣ диҳад. хххСарвазири Ҷопон Есихико Нода бо мақсади барномаи ҳукуматро ҷиҳати зиёд намудани андоз пуштибонӣ кардани аҳли ҷамъият аз 30 фоизи маошаш даст кашид. хххСокини 120 – солаи қасабаи Карингаҷи музофоти Ассоми Ҳиндустон бо хонуме ақди никоҳ кард, ки синнаш ду баробар аз ӯ ҷавонтар аст. Дар маросими ақди никоҳ қариб 500 кас ҳузур дошт.хххПрезиденти Беларус Александр Лукашенко баъзе журналистони васоити ахбори оммаи расмиро бо нишонҳо мукофотонид. Аз ҷумла, сармуҳарири рӯзномаи «Беларуси шӯравӣ» ва муовини ӯ, ҳамчунин сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурӣ» мукофот гирифтанд, ки онҳо қаблан ба «рӯйхати сиёҳи» Иттиҳоди Аврупо шомил буданд. хххТеъдоди ҳалокшудагон бар асари зилзила дар Туркия ба 523 нафар расидааст. Ҳамзамон 1650 нафар сокинони музофоти осебдидаи Ван захмию маъюб шудаанд. 27 октябр дар музофоти ҷанубии Ҳақёрӣ зилзилаи нав ба қайд гирифта шуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






