Чанд нафарсоҳиби кор гардиданд?
Душанбе, 28 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар ярмаркаи соҳавии ҷойҳои корӣ, ки 28 октбяр дар пойтахт баргузор гардид, 82 нафар шаҳрванд соҳиби ҷои кор гардида, 4 нафар барои омӯзиши касбҳо роҳхат гирифтанд.Ярмарка бо ибтикори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва дар ҳамкорӣ бо вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ бо мақсади бо ҷойи кор таъмин сохтани шаҳрвандон ва паст кардани сатҳи бекорӣ гузаронида шуд.Дар он раёсатҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ноҳияҳои пойтахт, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Норак иштирок намуда, ҷойҳои кориро ба шаҳрвандон пешниҳод сохтанд.Дар ярмарка 37 корхонаю муассисаҳои шаҳри Душанбе ба корҷӯён беш аз 2000 ҷойи кории холиро тавсия намуданд. Дар соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ 13 ярмаркаи соҳавии ҷойҳои кории холӣ ташкил карда шудааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






