Чаро «Соли байналмилалии ҷангалзор»?

Октябрь 28, 2011 15:08

Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- То охири «Соли байналмилалии ҷангалзорҳо» ду моҳ боқӣ мондааст.   Бино ба гуфти мутахассиси соҳаи ҷангалзор  Абдуқаюм Шеров, солҳои сиюми асри гузашта ҷангалзори Тоҷикистон 23 фоизи марзи кишварро дар бар мегирифт. Ҳоло аз 1,8 миллион гектар замини захираи ҷангали Тоҷикистон ҳамагӣ дар 25 фоизи он ҷангал боқӣ мондааст.-Дар ҷангалзори Тоҷикистон 240 намуди дарахту бутта мерӯяд, ки аз он 50 намудаш дарахтони мевадиҳанда мебошанд. Мо бояд ба ҷангалзори Тоҷикистон ҳаёти  нав бахшем, кӯҳу дашт ва биёбонҳояшро  ба ҷангалзор табдил диҳем,- мегӯяд А. Шеров.Назар ба маълумоти олимон, тақрибан 80 фоизи сохти  биологии сайёра ба вазъи экосистемаи ҷангал вобаста аст. Ин аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз муносибатҳои ғайриоқилона ва бераҳмонаи инсоният ба ҷангал бонги изтироб мезанад.   Маҷмааи умумии СММ бо раъйи якдилонаи аъзояш соли 2011 – ро «Соли байналмилалии ҷангал» эълон кардааст. 

Октябрь 28, 2011 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд