Э. Раҳмон бинои нави таълимии факултаи агробизнеси Донишгоҳи аграриро асос гузошт

Октябрь 8, 2011 10:00

Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Имрӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  дар ҷашни ҳаштодсолагии таъсиси яке аз аввалин муассисаҳои таълимоти олии мамлакат- Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон  иштирок намуд.
 
Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати устодону толибилмони донишгоҳ барои саҳми бузургашон дар рушди илми кишоварзӣ ва таълиму тарбияи мутахассисони соҳибмаърифату баландихтисос, ки бо заҳмати шабонарӯзӣ ва фаъолияти пурсамари илмиву амалии онҳо амалӣ гардидааст, арзи сипос намуда  дастпарварони донишгоҳро ба муносибати ҳаштодсолагии таъсисёбии ин маркази бузурги илмиву таълимӣ ва фарорасии яке аз пуршукӯҳтарин ҷашни ниёгонамон — иди Меҳргон табрик  намуд.
 
Қобили зикр аст, ки солҳои истиқлолият дар донишгоҳ як силсила корҳои муайян дар ин самт сурат гирифтанд. Аз ҷумла, бо назардошти талаботи имрӯзаи соҳаҳои комплекси агросаноатӣ дар донишгоҳ ба тайёр кардани мутахассисони равияҳои нав оғоз намуданд. Агар то соли 1991 дар донишгоҳ аз рӯи 10 ихтисос мутахассис тайёр карда мешуд, имрӯз тарбияи мутахассисон аз рӯи 21 ихтисоси нав, аз ҷумла барқикунонӣ ва автоматикунонии кишоварзӣ, сохтмони иншооти гидротехникӣ, селексия ва генетикаи зироати кишоварзӣ, заминсозӣ,  технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди меваю сабзавот ва маҳсулоти чорводорӣ, маркетинги аграрӣ, ҷангалпарварӣ, пиллапарварӣ, экология, ҳифзи захираҳои обӣ, занбӯри асалпарварӣ, моҳипарварӣ, бунёди чаманзор ва геодезия ба роҳ монда шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки то ин муддат аз рӯи ихтисосҳои зикршуда мутахассисон бо маблағҳои зиёд  дар хориҷи кишвар тайёр карда мешуданд.
Президенти кишвар зимни суханронии худ зикр намуд, ки «Нақшу вазифаи Донишгоҳи аграрӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз пеш меафзояд, зеро он яке аз ҷузъҳои муҳими таркибии таъминкунандаи сиёсати пешгирифтаи аграрии мамлакат буда, бояд ҳарчи бештар нерӯи зеҳнии худро ба ин самт равона намояд. Зеро дар баробари омилҳои гуногун барои ба даст овардани ҳадафҳои муайянкардаи давлат дар роҳи таъмини амнияти озуқавории мамлакат  нақши илму маориф хеле барҷаста аст».
 
«Қобили зикр аст, ки аҳамияти татбиқи ин иқдом дар яке аз барномаҳои муҳими таъминкунандаи рушди устувори мамлакат — Стратегияи рушди миллӣ низ равшану возеҳ дарҷ ёфтааст. Дар ин ҳуҷҷат зарурати ислоҳоти соҳаи аграрӣ ҳамчун яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум арзёбӣ шудааст»,-тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон.
 
Президенти кишвар худи ҳамин рӯз  бинои нави таълимиро барои факултаи агробизнеси Донишгоҳ асос гузошт, ки он барои таъмини раванди босифати таълим заминаи боз ҳам мусоид фароҳам хоҳад овард. 

Октябрь 8, 2011 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ