Футбол. Бозии хотимавӣ барои дарёфти ҷоми ҷумҳурӣ

Октябрь 24, 2011 13:30

Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Охири ҳафтаи гузашта бозиҳои ҷавобии нимниҳоии ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол ҷамъбаст гардиданд. Дастаи «Вахш»- Қурғонтеппа дар сафар бо дастаи «Регар ТадАЗ» вохӯрд. Дар ин вохӯрӣ ҳолати ғайричашмдошт ба вуқӯъ омад. Футболбозони дастаи «Вахш» баъди голи сеюми футболбозони Турсунзода ба нишони  эътироз аз амали довари майдон Ориф Ҷӯраев  пеш аз анҷоми вақти бозӣ майдонро тарк карданд. Дар ин бобат комиссияи одоби Федератсияи футболи мамлакат қарори худро ба тасвиб хоҳад расонд. Ёдрас мешавем , ки дар вохӯрии аввал «Вахш» дар майдони худ бо натиҷаи 1 бар 0 пирӯз шуда буд. Дар вохӯрии дуввуми рӯз «Истиқлол» дар майдони  худ «Энергетик »-ро бо ҳисоби 2 бар 0 шикаст дод. Акнун дар вохӯрии ниҳоӣ, ки 26 октябр дар варзишгоҳи»Пахтакор»-и шаҳри Қурғонтеппа баргузор мешавад, дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар ТадАЗ»- и Турсунзода ба дидори ҳам мераванд.
Дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар ТадАЗ» пеш аз ин дар ин майдон барои дарёфти ҷоми асосии Тоҷикистон бо ҳам кувва озмуда ва он вохӯрӣ бо натиҷаи 1 бар 0 ба нафъи «Истиқлол»  анҷом ёфта буд.

Октябрь 24, 2011 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад