Хабарҳои кӯтоҳи варзишӣ дар пешниҳоди Аловиддин Бӯриев.

Октябрь 28, 2011 16:23

Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Футбол: Дирӯз дар нахустин дидори даври 29-уми   лигаи асосии Русия оид ба футбол «Зенит» ҳарифи худ «Волга»-ро бо натиҷаи 3 бар 0 шикаст дод. Дар идомаи бозиҳои ин давр имрӯз «ССКА» бо «Спартак» -и Налчик ва «Рубин» бо «Ростов» ба дидори ҳам мераванд. Даври 29- ум рӯзи 30 октябр бо вохӯрии «Том» бо «Динамо», «Криля Советов» бо «Терек» ба анҷом мерасад. Футбол: Дастаи футболи «Ню-Йорк Ред Буллс», ки дар он футболбози дастаи мунтахаби Франсия Терри Анри бозӣ мекунад, ба даври  1/4 финалии плей-оффи лигаи Асосии футболи Амрико баромад (MLS). Дар бозиҳои пешакӣ дастаи Ню-Йорк бар ҳарифи худ «Даллас» бо ҳисоби  2: 0 ғалаба кард ва акнун дар рақобатҳои 1/4 финалӣ бо дастаи  Дэвид Бекҳэм «Лос-Анджелес Гэлакси» қувва хоҳад озмуд. Бозии аввал рӯзи 30-октябр дар Ню-Йорк ва бозии сонӣ  рӯзи 3 ноябр дар Лос-Анҷелес мегузарад. Футбол: Сармураббии дастаи мунтахаби Камерун Хавер Клементе аз вазифааш озод карда шуд. Аз рӯи гуфти котиби генералии федератсияи футболи Камерун Сидики Томби ба даста мураббие зарур аст, ки зери таъсири гурӯҳи футболбозон намонад ва манфиаташ бештар бошад.   Теннис: Мусобиқаи ҷамъбастии мавсими соли 2011 оид ба теннис миёни бонувон дар шаҳри Истанбули Туркия дар арафаи анҷомёбист. Дар даври сеюми бозиҳо теннисбози  рус Вера Звонарева аз намояндаи Полша Агнешка Радванска дар се баст  6:1, 2:6, 5:7 мағлуб шуд. Дар идомаи ин бозиҳо тенисбози чех Петра Квитова теннисбози рақами яки ҷаҳон  Каролина Вознятскиро бо ҳисоби  6:4 ва  6:2 шикаст дод. Виктория Азаренкои белорус бар намояндаи Чин На Ли 6-2, 6-2 пирӯзӣ ба даст овард.                            Ҳодиса: Ғолиби Бозиҳои олимпии Сидней вазнбардори булғор Галабин Боевски дар Бразилия зиндонӣ шуд. Ҳангоми тафтиш дар фурудгоҳи Сан-Паулу аз Боевски 2 кг кокаин дарёфт карданд. Ёдрас бояд шуд, ки Галабина Боевски борҳост, ки мавриди ҷангу хархаша қарор мегирад. Соли 2003 барои истифодаи допинг ӯ аз иштирок дар мусобиқаҳо дур  шуда буд.Пешомад: Рио-де Жанейро: Вазири варзиши Бразилия  Орланду Силва барои гумонбарӣ дар ришвахӯрӣ  аз мансаби худ истеъфо дод. Аз моҳи июн инҷониб Силва шашумин аъзои ҳукумати Бразилия аст, ки ба истеъфо рафтааст.Вохӯрӣ: Дар Монако панҷумин форуми байналмилалии «Варзиш ва сулҳ» бо ширкати 500 намоянда аз 100 давлати ҷаҳон оғоз гардид. Дар он варзишгарони шӯҳратёр, раисони федератсияҳо, тоҷирон ва сиёсатмадорон иштирок доранд. Чунин ҷамъомад соли оянда дар Русия гузаронида хоҳад шуд.

Октябрь 28, 2011 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст