Хатти ҳавоии Хуҷанд-Табрез кушода мешавад
Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – «Муносибатҳои минтақавӣ бо вилояти Суғд дар марҳилаи рушд қарор дошта, алҳол бо ҳамкории ширкатҳои эронӣ дар вилоят якчанд корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият менамоянд. Дар ояндаи наздик теъдоди ин коргоҳҳои муштарак ба маротиб афзуда, намояндагии Бонки миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ хоҳад гардид», — тазаккур дод Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасқари Шеърдӯст зимни мулоқот бо Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода. Алиасқари Шеърдӯст ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар назар аст хатти ҳавоии Хуҷанд-Табрез кушода шуда, ба пешрафти ҳамкориҳо дар самтҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла туризм ва чорабиниҳои фарҳангӣ мусоидат мекунад.Дар мулоқот аз муносибатҳои неки бародаронаи мардуми ин ду кишвар, раванди хуби густариши муносибатҳои иқтисодиву фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон табодули назар шуда, аз ҳамкории беғаразона ва дастгирии иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, иқдомоти бунёди корхонаҳои муштарак изҳори қаноатмандӣ шуд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки 14 октябр Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасқари Шеърдӯст ва намояндагони Кумитаи Имдоди Имом Ҳумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вилояти Суғд ташриф оварда, дар ҳамоиши байналмилалии шеъри «Ҳимоят», маросими ба истифода додани шабакаи обрасонии мавзеъи 40-солагии Дилварзини ноҳияи Мастчоҳ ва якчанд чорабиниҳои фарҳангӣ ширкат варзиданд.








Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






