Хизмати Ватан вазифаи пурифтихор аст

Октябрь 10, 2011 14:42

Хоруғ, 10 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Л.Додо). – Тибқи  фармони Президенти  кишвар  моҳи октябр даъвати  тирамоҳии  ҷавонписарон ба  хизмати  ҳарбӣ  оғоз  гардид. Нахустин  шуда маросими  гусели  ҷавонон  дар  деҳаи  навободи ноҳияи  Шуғнон  ботантана баргузор  гардид. Дар  он   намояндагони  мақомоти  ҳокимияти давлатӣ,  комиссариати  ҳарбӣ, собиқадорони ҷангу  меҳнат, волидайн ва ёру дӯстони даъватшдагон ширкат  варзиданд. Ҳангоми  сӯҳбат  бо  ҷавонон  маълум  шуд, ки  онҳо  воқеан  маънои Ватану ватандориро  дуруст  дарк  кардаанд ва  ҳар  яки  онҳо мегуфтанд, ки  хизмати Ватан барояшон шараф  аст. Танҳо  дар  ҳамин рӯз  60  дар  сади  нақшаи  сафарбаркунии  тирамоҳии  даъватшудагон иҷро  гардид.

Октябрь 10, 2011 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд