«Хромотограф» чиро ташхис мекунад ?

Октябрь 28, 2011 17:25

Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар» ,Фарҳоди Шомаҳмад).- Тавре ки аз Маркази миллии ташхиси байтории Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз Олмон ба Тоҷикистон таҷҳизоти санҷишй бо номи «Хромотограф» ба маблағи 750  ҳазор доллари амрикоӣ  ворид гардид, ки барои санҷиши маҳсулоти ғизоӣ ва таъмини бехатарии озуқаворй дар бозорҳои ҷумҳурй мусоидат менамояд. Директори маркази   миллии ташхиси байтории Хадамоти назорати байтории Вазорати кишоварзӣ Абдураҳмон Маҳмадшоев гуфт, ки фаъолияти маркази онҳо  пеш аз ҳама ба таъмини  бехатарии маҳсулоти хӯрокӣ вобаста  мебошад. Дар маркази миллии байторй    10 шӯъба фаъолият менамояд. Вазифаи ин шӯъбаҳо аз муайян намудани бемориҳое, ки аз чорво  тавассути истеъмоли маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ, асал, моҳй, равғани растанй ба инсон мегузаранд,  иборат аст.

Октябрь 28, 2011 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш