Комроншоҳ — чемпиони ҷаҳон
Суғд, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).-Донишҷӯйи соли дуввуми факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Комроншоҳи Устопириён дар ҷумҳурии Латвия чемпиони ҷаҳон оид ба самбо ва соҳиби медали тиллоӣ гардид. 27 октябр ректори ДДХ, профессор Ваҳҳоб Набиев ба донишҷӯйи ДДХ, чемпиони ҷаҳон Комроншоҳи Устопириён тӯҳфаи хотиравӣ ва ифтихорнома супорид. Варзишгари тоҷик Комроншоҳи Устопириён чемпиони даҳкаратаи Осиёи Миёна буда, ду карат чемпиони Осиё ва ду карат чемпиони ҷаҳон шудааст. Мавсуф зодаи ноҳияи Ҷаббор Расулов буда, соли 1993 таваллуд ёфтааст. Устоди аввалинаш падараш буд ва алъон мураббии ӯ бародараш-чемпиони бисёркаратаи ҷаҳон Фаридуншоҳ Устопиров мебошад. Ба қавли падараш, Комроншоҳи Устопириён аз синни сесолагӣ ба варзиши самбо, дзюдо ва гӯштини миллӣ машғул будааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






