Мактаббачагон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд?
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Оё мактаббачагон ба таътили тирамоҳӣ ва баҳорӣ мебароянд? Бо чунин суол хабарнигори АМИТ «Ховар» ба раёсати муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти умумии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ муроҷиат намуд. Тибқи суханони сардори раёсати мазкур Файзулло Партоев аз 1 то 8 ноябр таътили тирамоҳӣ эълон шудааст ва ин танҳо ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ тааллуқ дорад. Аз 1 то 26 январ хонандагони ҳамаи синфҳо (аз 1 то 11) ба таътили зимистона мебароянд Ӯ ҳамчунин хотирасон намуд, ки 25 май барои хонандагони синфҳои 5 ва 11 занги камолот садо медиҳад. Соли таҳсил барои синфҳои ибтидоӣ 31 май анҷом меёбад. «Таътили зимистонаи давомдор барои он ташкил гардидааст, то дар ин давра муаллимон дар семинар ва шӯроҳои методии ноҳиявию шаҳрӣ ширкат варзанд», — илова намуд ӯ.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






