Муҳокимаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон

Октябрь 25, 2011 17:31

Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Имрӯз мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазир оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зироаҳмад Муқбили Усмонӣ баргузор гардид.Тавре ки аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ иттилоъ доданд, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон дар мубориза алайҳи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар минтақа ва лоиҳаи Барномаи минтақавии мубориза алайҳи маводи мухаддир дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он, ки аз ҷониби Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноёт пешниҳод гардидааст, баррасӣ шудаанд.Дар мулоқот ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффори Орзу ва сардори намояндагии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноёт дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Жан Люк Лемайе низ ҳузур доштанд.

Октябрь 25, 2011 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд