Муҳокимаи хатари башарӣ — нашъамандӣ
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров бо сардори қисми сиёсӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи башар дар назди Хадамоти хориҷии Иттиҳодияи Аврупо хонум Риина Кионка ва Намояндаи махсуси Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Пйер Морел мулоқот намуд. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Агентии мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот ҳамчунин сардори Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон Эдуард Ауэр, сардори Шӯъба оид ба масъалаҳои сиёсии Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон Иштван Нитрай ва Мушовири масъалаҳои ҳуқуқи инсон хонум Одроне Перкаускиене иштирок намуданд.Зимни мулоқот директори Агентӣ меҳмононро бо вазъи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар кишвар шинос намуда, дар бораи сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои амалие, ки Ҳукумати ҶТ дар мубориза бо маводи нашъадор ва пешгирии нашъамандӣ меандешад, инчунин ҳамкориҳои байналмилалӣ ва нақши он дар муборизаи ҷаҳонӣ бо ин хатари башарӣ сухан гуфтанд.Зимнан зикр гард, ки хонум Риина Кионка хабар доданд, ки мақсади ташрифи ҳайати Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон иштирок дар ҷаласаи чоруми муколама оид ба ҳуқуқи инсон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо мебошад. Ҳамзамон ҳайати мазкур бо мақомоти марбутаи кишвар сари мавзӯъи ҳуқуқи инсон сӯҳбат хоҳанд кард.Дар фарҷоми мулоқот Рустам Назаров таъкид кард, ки дар кишвар талаботи ҳамаи аҳдномаҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи башар, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, риоя мешавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






