Муҳокимаи вазъи бозори қоғазҳои қимматбаҳо
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 17 октябр дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар – машварат дар мавзӯи «Ташкили бозори қоғазҳои қимматбаҳо ва фаъолияти ниҳодҳои он» баргузор гардид. Тавре дар Вазорати молияи мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар семинар намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ассосиатсияҳои бонкҳои Тоҷикистон, ҳамчунин иштирокдорони касбии бозори қоғазҳои қимматбаҳо, ширкатҳои литсензиядори иштироккунандаи бозори қоғазҳои қимматбаҳо, намояндагони бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ ва ҶСК «НОБ – и Роғун» ширкат доштанд. Мувофиқи суханони манбаъ, дар ҷараёни семинар масоили вазъи ҳозираи бозори қоғазҳои қимматбаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди он, ҳамчунин масъалаҳои марбут ба бозори бунёди интиқоли аксияҳои ватанӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Дар чаҳорчӯбаи семинар ҳамчунин гузоришҳо дар мавриди бозори сармоя дар давлати Лаҳистон, ҳамчунин мақоми Ассосиатсияи иштирокдорони касбии бозори қоғазҳои қимматбаҳо дар амри рушду густариши бозори қоғазҳои қиматбаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






