Мунтахаби Тоҷикистон бо Ҷопон қувва месанчад

Октябрь 11, 2011 16:03

Душанбе, 11 октябр.( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев)-Тими мунтахаби футболи кишвар имрӯз соати 15:45 дақиқаи вақти Тоҷикистон  дар вохӯрии сеюми гурӯҳии бозиҳои интихобии ҷоми ҷаҳон бо дастаи Ҷопон вориди майдон мешавад. Капитани ҷопониҳо Макото Ҳасебе арз кардааст,ки: «Футболбозони Тоҷикистон аз нигоҳи тайёрии физикӣ пухтаанд, вале бозиашон аз нигоҳи техникӣ ҷурми зиёд дорад. Аз ин рӯ агар дастаи мунтахаби мо бо натиҷаи калони 5 бар 0 ғолиб ояд, мо хушнуд мешудем.» Дар навбати худ Хуршед Маҳмудов, капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба тайёрии даста боварӣ дошта гуфтааст: « Мо кӯшиш мекунем муқобили чемпионҳои соли гузаштаи Осиё бозии хубу диданӣ нишон диҳем ва сарбаланд бошем» . Албатта, муқобилияти сахт кардани дастаи мо дар рӯ ба рӯ бо тими машҳури Осиё душвор аст, вале дар футбол ҳама ҳолатҳоро интизор шудан мумкин аст. Дар ин замина имрӯз дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар сафар вохӯриашро бо Куриёи Шимолӣ гузаронида, бо натиҷаи 1 бар 0 пирӯзӣ ба даст овард.

Октябрь 11, 2011 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид