Мурофиаи судӣ доир ба мувофиқати баъзе меъёрҳои Кодекси манзил ба Сарқонуни ҶТ

Октябрь 4, 2011 09:42

Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Имрӯз, 3 октябр дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  парванда оид ба дархости шаҳрвандони ҷумҳурӣ М. Маҳмудов ва Э. Маҳмудов «Дар бораи муайян намудани мутобиқати  моддаҳои 121 ва 122 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 147 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи  32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони ваколатдори Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, ҳамчунин намояндагони Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия ваШўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ иштирок намуданд. Дархостчиён  даъво намуданд, ки омӯзиши қонунгузории давлатҳои дигари собиқ шӯравӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки моддаҳои 121 ва 122 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 147 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи  32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон каме мухолифат мекунад. Мурофиаи судӣ перомуни  масъалаи мазкур таҳти раёсати  Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов ҳаматарафа баррасӣ гардида, зикр шуд, ки Конститутсияи ҶТ дар баробари кафолати ҳуқуқи молу мулкии инсон ва шаҳрванд тамоми дигар ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро низ кафолат дода, дар миёни онҳо оиларо ҳамчун асос ва рукни муҳимтарини ҷомеа эътироф намуда, ҳифзи он, ҳамчунин ҳимоя ва ғамхории махсусро нисбат ба модару кўдак  аз вазифаҳои муҳими давлат арзёбӣ менамояд, зеро тибқи талаботи қисми 3-уми моддаи 16  Эъломияи умумии ҳуқуқи башар «Оила- рукни табиӣ ва асосии ҷамъият буда, ба ҳимояи ҷамъият ва давлат ҳақ дорад».Бинобар ин иштирокчиёни суд ба хулоса омаданд, ки қоидаи рафтори дар моддаҳои 121 (Аъзои оилаи молик) ва 122 (Ҳуқуқ ва вазифаҳои оила ва аъзои собиқи оилаи молик) Кодекси манзил пешбинигардидаро ба талаботи моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи конститутсионии шахсро ба моликият эълон медорад, мухолиф гузоштан нашояд, зеро дар ҳолати дар боло зикршуда маҳдуд кардани ҳуқуқи молик ба манзил барои таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шахсони ба сарпаноҳ, ғамхорӣ ва тарбияву дастгирӣ мўҳтоҷ ва ҳамчунин шахсони ба ин манзил алоқамандӣ ва ҳуқуқи истифодабарӣ дошта равона гардидааст.Бо назардошти ин, Суди конститутсионӣ бо қарори худ моддаҳои  121 ва 122 Кодекси манзил ва моддаи 147 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба моддаи  32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ҳисоб намуд.Ҳамзамон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода шуд, ки бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонии ҳалли масъалаи мазкур масъалаҳои вобаста ба аъзои оилаи молик эътироф намудан, тартиби мавҷудаи маскун кардани аъзои оилаи молик ва ҳуқуқи онҳоро ба истифодаи манзили молик мавриди назар ва баррасӣ қарор диҳанд.

Октябрь 4, 2011 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд