Мусобиқаи маъюбон дар Қурғонтеппа
Қурғонтеппа, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Рӯзҳои истироҳатӣ дар шаҳри Қурғонтеппа мусобиқаи пойгаҳи марафонӣ ба масофаи 5 ҳазор метр ва 500 метр бо аробача ва мусобиқа оид ба дастхобонӣ миёни маъюбон ифтитоҳ гардид, ки он ба 20-солагии истиқлолияти давлатии ҶТ бахшида шуд. Тавре ки аз идораи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мусобиқа дар ҳамкорӣ бо федератсияи маъюбони ҶТ ташкил гардид. Дар марафон 30 нафар ва дар мусобиқаи дастхобонӣ 35 нафар варзишгар аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ширкат ва қувваозмоӣ намуданд. Дар мусобиқаи пойгаҳи марафонӣ ба масофаи 5 ҳазор метр ҷойи аввалро Сафар Боеви душанбегӣ, зинаи дуюмро Хайрулло Абдураҳимови хатлонӣ ва ҷойи сеюмро Парвиз Бобошарипови душанбегӣ сазовор гардиданд.Дар мусобиқаи дастхобонӣ низ ғолибон муайян шуда, ба ҳамаи онҳо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои идораи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон супорида шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






