Мусоидат дар пешгирии бемории сил

Октябрь 31, 2011 11:29

Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибби муосир дар дарёфти роҳҳои пурраи табобати бемории сил муваффақ шуд,- иброз дошт ҳамоҳангсози Маркази саломтии шаҳрии рақами 1- пойтахт, табиби силшинос Азиз Мирзоев ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар Тоҷикистон барои пешгирӣ ва паҳн нашудани  бемории сил тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мешаванд. Таъсиси Маркази ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии мубориза бар зидди бемории сил ба коҳиши ин беморӣ мусоидат намуд.
 
Боиси зикр аст, ки имрӯз барои муолиҷаи  сил ҳамаи имконот вуҷуд дорад,  доруҳои зарурӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои беморон дастрас аст.Бо кӯмаки донорҳо ба мубталоёни бемории сил ёрии моддии ройгон расонида мешавад.Ба гуфти А.Мирзоев, аксари ҷавонони қобили меҳнат бо сабаби риоя накардани шароити зист ва истеъмоли хӯроки камғизо мубталои ин беморӣ мегарданд. Ба ин гурӯҳ бештар муҳоҷирони меҳнатӣ дохил мешаванд. Сабаби дигари ба ин беморӣ гирифтор шудани ҷавонон надоштани маълумоти кофӣ дар бораи  ин беморист.  Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ доир ба пешгирии бемории сил чорабиниҳои зарурӣ гузаронида мешавад. Барои баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ дастурҳои мухтасар дар бораи аломатҳо ва сабабҳои пайдоиши ин беморӣ дар шакли китобчаҳои ёддоштӣ чоп ва миёни аҳолӣ паҳн карда мешавад.

Октябрь 31, 2011 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд