Намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳрҳои саноатии вилояти Суғд
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд», воқеъ дар маҳаллаҳои 12-ум ва 20-уми шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин дар шаҳрҳои саноатии Чкалов, Табошар ва Қайроққум 22 – октябри соли равон аз тарафи кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки дар он фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи мардум, аз қабили гӯшт, биринҷ, орд, равған, асал, шакар, мош, лӯбиё, тухм, мева, сабзавот роҳандозӣ гардид.Маҳсулоти кишоварзие, ки ба фурӯш бароварда шуд, дар маҷмӯъ 326,49 тоннаро ташкил дода, нисбат ба нархи миёнаи бозорҳои шаҳри Хуҷанд 20-30 фоиз арзонтар ба мардум фурӯхта шуд. Бояд қайд намуд, ки дар ярмарка КВД «Захираҳои моддии вилояти Суғд» 7 тонна орд, шакар, биринҷ ва Иттифоқи матлуботи шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 30 тонна маҳсулоти ниёзи мардумро ба фурӯш баровард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






