Намоишгоҳи «Инфрасохтори Тоҷикистон – 2011»
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – 27 октябр дар шаҳри Душанбе беш аз 50 ширкати 15 кишвари ҷаҳон маҳсулоти худро дар намоишгоҳи байналмилалии «Инфрасохтори Тоҷикистон – 2011» ба маърази намоиш гузоштанд. Дар маросими расмии ифтитоҳи намоишгоҳ раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид зикр намуд, ки намоишгоҳ омили самарабахши ривоҷи робитаҳои тиҷоратию иқтисодии кишвари мо мебошад. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, рӯйи кор овардани ҳамкории мутақобилан муфид бо аҳли тиҷорати кишварҳои мухталиф ва рушду густариши тиҷорат фаъолона мадад мекунад. Ба гуфти номбурда, мулоқот дар ҷараёни фаъолияти намоишгоҳ заминаи татбиқи лоиҳаҳои нави тақвият бахшидани ҳамкории мутақобилан муфид ба рушди минбаъдаи робитаҳоро фароҳам меорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






