Намояндаи махсуси Президенти ҶТ оид ба Афғонистон таъйин гардид
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов ҳамзамон Намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Афғонистон таъйин гардид.Таъйиноти мазкур ба он рабт дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли қазияи кишвари ҳамсоя – Давлати Исломии Афғонистон иштироки фаъолона дошта, аз ҷомеаи байналхалқӣ даъват мекунад то дар раванди устуворшавӣ ва барқарорсозии Афғонистон кӯмак расонанд. Тоҷикистон ташаббускор ва иштирокчии фаъоли конфронсу анҷуманҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба Афғонистон мебошад. Аз ҷумла, ҳайати кишвари мо дар конфронсҳои қарибулвуқӯи Истанбул (2 ноябри соли 2011) ва Бонн (5 декабри соли 2011) иштирок хоҳад кард. Таҷрибаи кишварҳое, ки бо ДИА робита доранд, нишон медиҳад, ки пайгирӣ ва татбиқи барномаҳои муайян ва расидан ба ҳадафҳои мушаххас, таъйин намудани намояндаи ин ё он кишварро тақозо мекунад. Бояд қайд кард, ки дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи доимии корӣ оид ба Афғонистон созмон дода шуд.Дар ин бора аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






